Исо беморонро шифо медиҳад
Марқӯс 1:29-35
29 Ҳамин ки Исо аз ибодатхона баромад бо ҳамроҳии Ёқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯну Андриёс рафт. 30 Вақте ба он ҷо расиданд, ба Исо зуд хабар доданд, ки хушдомани Шимъӯн таб карда, дар бистар хобидааст. 31 Вай назди бемор омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби бемор паст шуд ва ӯ машғули меҳмоннавозӣ гардид.
32 Ҳамон бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб мардум ҳамаи беморону девонагонро ба назди Исо оварданд. 33 Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳо ҷамъ омаданд. 34 Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд.
Дуои Исо дар хилватгоҳ
35 Саҳарии барвақт, ҳанӯз субҳ надамида, Исо бархесту ба ҷои хилвате рафта, дуо кард.
Мехоҳед боз хонед? Марқӯс-ро онлайн хонед
PDF-ро гиред – Марқӯс (0.4MB)
Шумо чӣ хел шифо меёбед?
Номаи Ёқуб 5:13-18
13 Агар касе аз байни шумо мушкилие дошта бошад, бояд дуо кунад. Агар хурсанд бошад, бояд сурудҳои ҳамду сано бихонад. 14 Агар касе бемор бошад, бояд роҳбарони ҷамоати имондоронро даъват кунад, то ки барояш дуо кунанду бо номи Худованд бар бемор равған моланд. 15 Он гоҳ дуои боимон беморро шифо мебахшад ва Худованд ӯро аз бистари беморӣ мехезонад. Агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳаш бахшида мешавад.
16 Бинобар ин дар пеши якдигар ба гуноҳҳоятон иқрор шавед ва барои якдигар дуо кунед, то ки шифо ёбед. Дуои шахси дурусткор боқудрат ва натиҷабахш аст.
17 Илёс пайғамбар низ шахсе мисли мо буд, аммо вақте аз сидқи дил дуо кард, ки борон наборад, сеюним сол ба замин борон наборид. 18 Боз дуо кард, ки борон борад ва аз осмон борон бориду замин ҳосил дод.
Мехоҳед боз хонед? Номаи Ёқуб-ро онлайн хонед