Инҷил оиди Роҳи Наҷот чӣ мегӯяд?
Хушхабар аз Хазрати Яаҳяа
Боби 6, Оятҳои 28 – 40
Онҳо аз Вай пурсиданд:
«Барои иҷро кардани талаби Худо мо чӣ бояд кунем?» Исо ба онҳо ҷавобдод: «Талаби Худо ин аст, ки ба каси фиристодааш имон оваред». Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ? Аҷдодони мо дар биёбон нони манна хӯрданд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Ӯ барои хӯрдан ба онҳо аз осмон нон дод».
Исо ба онҳо ҷавоб дод:
«Ба шумо рост мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мӯсо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад. Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон поён меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
«Хоҷаам, — гуфтанд онҳо, — ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»
Исо ба онҳо гуфт:
«Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд. Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед. Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд. Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам. Иродаи фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам. Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
Боз хонед:
Мехоҳед гуш кунед? MP3-ро гиред – Юҳанно 8 (3.5MB)
© Ҳуқуқи соҳибият ба фонди «Калом» тааллуқ дорад, 2014
Хонандаи азиз, тарҷумаи оммафаҳми Китоби Муқаддасро ба саҳми Шумо мерасонем. Ин матн ҳанӯз дар раванди ислоҳот қарор дорад ва аз Шумо хоҳиш мекунем, ки барои беҳтар намудани он фикру андеша ва пешниҳодҳои худро ба мо фиристонед.