Инҷил оиди Чӯпони Нек чӣ мегӯяд?
Хушхабар аз Юҳанно
Боби 10, Оятҳои 11-29
11 Ман чӯпони нек ҳастам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад. 12 Одами кирошуда, ки чӯпон нест ва гӯсфандон аз они ӯ нестанд, ба рама наздик шудани гургро бинад, гӯсфандонро монда, мегурезад ва гург ба онҳо дарафтода, онҳоро пароканда мекунад. 13 Одами кирошуда аз он сабаб мегурезад, ки парвои гӯсфандонро надорад. 14-15 Ман чӯпони нек ҳастам ва чӣ тавре ки Падар Маро мешиносаду Ман Падарро мешиносам, ҳамон тавр Ман гӯсфандони худро мешиносаму онҳо Маро мешиносанд. Ман ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунам. 16 Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин оғил нестанд; Ман бояд онҳоро низ биёрам. Онҳо ба овози Ман гӯш мекунанд ва он гоҳ як рама бо як чӯпон хоҳад шуд!
17 Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам. 18 Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам-. 19 Аз сабаби ин суханон дар байни мардум бори дигар низо ба вуҷуд омад. 20 Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?» 21 «Ин суханони шахси девона нестанд,» норозӣ шуданд дигарон. – Магар дев чашмони кӯрро бино карда метавонад?»
22-23 Зимистон фаро расид. Дар Ерусалим иди хотираи Бахшидашавии Хонаи Худо буд. Исо дар ҳавлии Хонаи Худо, дар айвони Сулаймон мегашт. 24 Одамон Ӯро миёнагир карда пурсиданд: «То кай моро дар ноаниқӣ нигоҳ медорӣ? Ба мо рӯйрост бигӯ, ки Ту Таиншудаи Худо ҳастӣ ё не?» 25 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ба шумо аллакай гуфта будам, вале шумо ба Ман бовар намекунед. Он корҳое, ки Ман аз номи Падари худ иҷро мекунам, дар бораи Ман шаҳодат медиҳанд, 26 аммо шумо ба Ман имон намеоваред, зеро шумо аз ҷумлаи гӯсфандони Ман нестед. 27 Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд. 28 Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бирабояд.» 29 Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад. 30 Ману Падар як ҳастем».
Мехоҳед боз хонед? Юҳанно-ро онлайн хонед
Мехоҳед гуш кунед? MP3-ро гиред – Юҳанно 10 (2.4MB)
[hr]
© Ҳуқуқи соҳибият ба фонди «Калом» тааллуқ дорад, 2014
Хонандаи азиз, тарҷумаи оммафаҳми Китоби Муқаддасро ба саҳми Шумо мерасонем. Ин матн ҳанӯз дар раванди ислоҳот қарор дорад ва аз Шумо хоҳиш мекунем, ки барои беҳтар намудани он фикру андеша ва пешниҳодҳои худро ба мо фиристонед.