Инҷил оиди алоқаи беникоҳ чӣ мегӯяд?
Хушхабар аз Матто
Боби 5, Оятҳои 27-32
27 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Бо ҳеҷ кас алоқаи беникоҳ накун“. 28 Аммо Ман ҳоло мегӯям, ҳар кас ки ба зан нигоҳ карда, дар хаёлаш бо ӯ ҳамбистар шудан хоҳад, аллакай дар дили худ чунин гуноҳро мекунад. 29 Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад. 30 Инчунин агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви баданатон маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах биафтад.
31 Боз чунин гуфтаҳоро шунидаед, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад“. 32 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар мард аз зани худ бо ягон сабаб, ба ғайр аз хиёнати вай, ҷудо шаваду занаш ба дигар кас ба шавҳар барояд, ин мард дар алоқаи беникоҳи занаш айбдор мешавад. Инчунин марде, ки бо зани ҷудошуда хонадор мешавад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад.
Мехоҳед боз хонед?
Мехоҳед гуш кунед? MP3-ро гиред (3.3MB)
[hr]
Номаи якуми Павлуси фириста ба 1 Таслӯникиён
3 Худо мехоҳад, ки шумо худро пурра ба Ӯ бахшида, аз бадахлоқии ҷинсӣ худро нигоҳ доред. 4 Хости Худо ин аст, ки ҳар яки шумо ҷисму хоҳишҳои худро идора карда, беайб ва бономус бошед.
5 Боз Худо мехоҳад мисли беимононе, ки Ӯро намешиносанд, пойбанди ҳавасҳои ҷинсӣ набошед. 6 Инчунин мувофиқи хости Худо шумо набояд аз боварии бародаратон сӯиистифода карда, бо зани вай ҳамхоба шавед. Мо пештар ҳам инро ба шумо қатъиян гуфта ва огоҳ карда будем, ки барои ҳамаи ин гуноҳҳо Худо аз одам қасос мегирад. 7 Чунки Ӯ моро на ба нопокӣ, балки ба ҳаёти пок даъват кардааст. 8 Инак, касе ки аз фармудаҳои Худо саркашӣ мекунад, на одамро, балки Худоеро, ки ба шумо Рӯҳи Муқаддасро медиҳад, рад мекунад.
Мехоҳед боз хонед?
Онлайн хонед: Номаи якуми Павлуси фириста ба 1 Таслӯникиён
PDF-ро гиред:
Номаи якуми Павлуси фириста ба 1 Таслӯникиён (0.6MB)
[hr]
© Ҳуқуқи соҳибият ба фонди «Калом» тааллуқ дорад, 2014
Хонандаи азиз, тарҷумаи оммафаҳми Китоби Муқаддасро ба саҳми Шумо мерасонем. Ин матн ҳанӯз дар раванди ислоҳот қарор дорад ва аз Шумо хоҳиш мекунем, ки барои беҳтар намудани он фикру андеша ва пешниҳодҳои худро ба мо фиристонед.